Дар ҷаҳон дар як ҳафта беш аз 2,5 миллион нафар бо коронавирус сироят ёфтанд

Июнь 23, 2021 12:08

ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 2,5 миллион ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ва беш аз 64 ҳазор ҳолати фавт сабт шудааст. Дар муқоиса бо ҳафт рӯзи пешин сатҳи беморӣ 6% ва фавт — 12% коҳиш ёфтааст, хабар додааст ТАСС имрӯз, 23 июн бо истинод ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ).

Дар як ҳафта дар ҷаҳон 2 520 684 ҳолати сирояти нав ва 64 075 фавт сабт шудааст. То ҳолати 20 июн, аз оғози пандемия дар маҷмӯъ 177.866.160 рӯйдоди сироятёбӣ ва 3.857.974 ҳолати фавти беморон ба қайд гирифта шудааст.

Сатҳи беморӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (21%) ва Аврупо (6%) коҳиш ёфтааст. Дар айни ҳол, афзоиши беморӣ дар Африқо 39% ва Баҳри Миёназамини  Шарқӣ 2% сабт шудааст. Миқдори фавтҳо дар қитъаи Африқо 38% ва дар Баҳри Миёназамини Шарқӣ 2% афзудааст, аммо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (26%), Аврупо (12%) ва минтақаи Ғарбии Уқёнуси Ором (9%) коҳиш ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳанӯз боздоштани густариши баъзе гунаҳои  коронавирус, ки ба «шаклҳои  боиси нигаронӣ» шомил карда шудаанд, муяссар нашудааст. Масалан, гунаи ба истилоҳ бритониёӣ дар 170 кишвар мушоҳида мешавад, гунаи бразилиягӣ ба 71 кишвар нуфуз кардааст. Гунаи ҳиндӣ ҷуғрофияи худро то 85 кишвар васеъ кардааст. Зикр карда мешавад, ки гунаи охирин бинобар сатҳи баланди сироятнокиаш метавонад шакли бартаридоштаи SARS-CoV-2 гардад, агар тамоюли кунунӣ идома ёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 23, 2021 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид