Дар ҷаҳон дар як ҳафта беш аз 2,5 миллион нафар бо коронавирус сироят ёфтанд
ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 2,5 миллион ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус ва беш аз 64 ҳазор ҳолати фавт сабт шудааст. Дар муқоиса бо ҳафт рӯзи пешин сатҳи беморӣ 6% ва фавт — 12% коҳиш ёфтааст, хабар додааст ТАСС имрӯз, 23 июн бо истинод ба Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ).
Дар як ҳафта дар ҷаҳон 2 520 684 ҳолати сирояти нав ва 64 075 фавт сабт шудааст. То ҳолати 20 июн, аз оғози пандемия дар маҷмӯъ 177.866.160 рӯйдоди сироятёбӣ ва 3.857.974 ҳолати фавти беморон ба қайд гирифта шудааст.
Сатҳи беморӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (21%) ва Аврупо (6%) коҳиш ёфтааст. Дар айни ҳол, афзоиши беморӣ дар Африқо 39% ва Баҳри Миёназамини Шарқӣ 2% сабт шудааст. Миқдори фавтҳо дар қитъаи Африқо 38% ва дар Баҳри Миёназамини Шарқӣ 2% афзудааст, аммо дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (26%), Аврупо (12%) ва минтақаи Ғарбии Уқёнуси Ором (9%) коҳиш ёфтааст.
Мувофиқи маълумоти СУТ, ҳанӯз боздоштани густариши баъзе гунаҳои коронавирус, ки ба «шаклҳои боиси нигаронӣ» шомил карда шудаанд, муяссар нашудааст. Масалан, гунаи ба истилоҳ бритониёӣ дар 170 кишвар мушоҳида мешавад, гунаи бразилиягӣ ба 71 кишвар нуфуз кардааст. Гунаи ҳиндӣ ҷуғрофияи худро то 85 кишвар васеъ кардааст. Зикр карда мешавад, ки гунаи охирин бинобар сатҳи баланди сироятнокиаш метавонад шакли бартаридоштаи SARS-CoV-2 гардад, агар тамоюли кунунӣ идома ёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон






