Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба лоиҳаи Рушди иқтидорнокии идора кардани пулҳо доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи нахустини Кумитаи муштараки ҳамоҳангсозӣ дар доираи лоиҳаи Рушди иқтидорноки оид ба идора кардани пулҳо дар Душанбе баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур — лоиҳаи сеюми Ҳамкории Техникии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) ба шумор меравад. Лоиҳа моҳи апрели соли 2021 шурӯъ гардида, моҳи ноябри соли 2024 ба анҷом хоҳад расид.Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласа намояндагони JICA, Вазорати нақлиёт ва идораҳои зертобеи он, Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, коршиносони японӣ иштирок намуданд.
Муовини Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шуҷоат Сироҷзода ва роҳбари намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ ( JICA), инчунин коршиносони Япония сухан намуда, доир ба нақшаи кории лоиҳа ва фаъолияти он аз рӯи нишондодҳо гузориш доданд.
Аксҳо аз Вазорати нақлиёти ҶТ









Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






