Дар Тошканд ҳамоиши байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба масоили таъмини амнияти иттилоотӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.06.2021/АМИТ «Ховар»/. 29 июни соли равон дар Тошканд Ҳамоиши байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба масоили таъмини амнияти иттилоотӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «УзА».
Ҳамоишро Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дастгирии Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Кумитаи иҷроияи ИДМ доир мекунанд.
Муколама оид ба масоили амнияти иттилоотӣ, ки дар шакли омехта бо пайвастшавии онлайни иштирокчиёни хориҷӣ ташкил карда шудааст, гирд оварадни беш аз 50 коршиноси пешбарро аз кишварҳои Иттиҳод ба нақша гирифтааст. Дар он ҳам намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои пешрафтаи таҳлилии кишварҳои ИДМ ва ҳам роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ иштирок мекунанд.
Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, Директори генералии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди минтақавии ИДМ дар соҳаи алоқа Нуриддин Муҳиддинов, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олимҷон Умаров ва директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элдор Арипов бо сухани ифтитоҳӣ ба иштирокчиён муроҷиат мекунанд.
Таркиби бонуфузи ширкаткунандагон имкон медиҳад, ки тамоюлҳои охирин дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ шаванд ва бархӯрди мутавозин ва ҳамоҳангшуда ҳангоми коркарди усулҳои маъқули муқовимат бо зуҳуроти зидди ҳуқуқӣ дар ин соҳа мувофиқа карда шавад.
Ташаббуси доир намудани ҳамоиши мазкурро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар саммитҳои сарварони давлатҳои Иттиҳод дар солҳои 2019 ва 2020 пешниҳод карда буд.
Афзудани таваҷҷуҳ ба ин масъала, пеш аз ҳама ба рақамикунонии миқёсан густурдаи соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, системаҳои мудирияти давлатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ, инчунин соҳаи хизматрасонӣ вобаста аст.
Муҳимият ва саривақтӣ будани ҳамоишро пайомадҳои глобалии уфунати коронавирус низ тасдиқ мекунанд, ки рақамисозии ҷомеа, давлат ва соҳибкориро чандин баробар суръат бахшиданд. Чораҳои маҳдудкунандаи дар ҷаҳон ҷорикардашуда ба рушди омӯзиши фосилавӣ, телемедицина, тиҷорати интернетӣ ва ғайра таъсири назаррас расониданд.
Дар айни ҳол, дар баробари рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, воридшавии онҳо ба тамоми соҳаҳои ҳаёт, хатарҳои дастёбии бидуни иҷозат ба иттилооте, ки метавонад боиси халалдор шудани соҳаҳои энергетика, мудофиа, нақлиёт, телекоммуникатсия ва тандурустӣ шаванд, меафзоянд. Дар натиҷа, эҳтимоли расонидани на танҳо зарари калони моддӣ, балки ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти ҳаёти шаҳрвандон хеле баланд аст.
Дар чунин шароит, таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ — сиёсии давлат ва ҷомеа мегардад.
Ин тамоюлҳо дар қатори дигар масъалаҳои мубрами рӯз, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкории маҷмӯии кишварҳои ИДМ -ро дар давраи миёнамӯҳлат муайян мекунанд, дар асноди консептуалӣ инъикос ёфтаанд. Дар доираи Иттиҳод як қатор аснод қабул шуданд, ки ба муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва самаранокии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ, ташкили системаҳои иттилоотии муҳофизатшудаи таъиноти гуногун нигаронида шудаанд.
Аз ҷумла, дар соли 2020, дар давраи раёсати Ӯзбекистон дар ИДМ, сарони давлатҳо «Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030»-ро имзо карданд. Таҳкими ҳамкорӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ ва малакаҳои рақамӣ дар ин санадҳо ҳамчун яке аз самтҳои серталаби ҳамкорӣ муайян карда шудаанд. Бинобар ин, ба таъмини амнияти иттилоотӣ ва муқовимат бо ҷиноятҳо бо истифодаи ТИК ҷойгоҳи муҳим ҷудо шудааст.
Дар ин робита, нахустин ҳамоиши коршиносон, ки ҷониби Ӯзбекистон онро ташкил мекунад, бояд пойгоҳи (платформаи) муҳим барои табодули афкор оид ба тамоюлҳои охирин ва дастовардҳо дар соҳаи рақамисозӣ мубаддал гардад. Чорабинӣ имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами миллӣ дар самти муқовимат бо таҳдидҳои мавҷуда дар фазои иттилоотӣ мубодила карда шавад.
Бо дарназардошти ин, ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии ҳамоиш мутобиқи самтҳои калидии Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ таҳия шудаанд. Дар рӯзномаи чорабинӣ муҳокимаи чунин масъалаҳои муҳим, аз қабили ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи иттилоот дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ; муқовимат бо ҷинояткорӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ; муҳофизати техникии инфрасохторҳои иттилоотӣ ва таҳқиқи ҷиноятҳои киберӣ; ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар муҳити иттилоотӣ дохил карда шудаанд.
Аз рӯи натиҷаҳои муҳокимарониҳо қабули Санади ҷамъбастии ҳамоиши байналмилалии коршиносони ИДМ оид ба амнияти иттилоотӣ бо тавсияҳои амалӣ оид ба такомули заминаҳои шартномавӣ — ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалии ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дар доираи Иттиҳод пешбинӣ шудааст.
АКС: «УзА»








ЭҲТИЁТ АЗ ҚАЛЛОБӢ! Ва ё маблағҳои ҳамёнҳои электронӣ бо кадом роҳҳо тасарруф карда мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
Дар Конибодом оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҷаласаи ситоди шаҳрӣ доир шуд
Ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 111 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон: «Бар зидди паҳншавии воситаҳои нашъадор якҷоя мубориза барем!»
Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
161 нафар муҳоҷирони экологӣ соли 2025 бо қитъаи замин ва кумаки яквақтаинаи моддӣ таъмин карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2025 беш аз 200 ҳодисаи табиӣ ба амал омадааст
ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 вобаста ба маводи нашъаовар чӣ миқдор ҷиноят ошкор гардид?
Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон






