Дастаи Бадахшон-1 дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол пирӯз гардид
ХОРУҒ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Қасри варзиши шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди волейбол байни дастаҳои Бадахшон-1, Суғд, Хатлон, Душанбе-1 ва Бадахшон-2 баргузор шуд ва се рӯз идома кард. Дар даври ниҳоӣ байни дастаҳои Бадахшон-1 ва Душанбе-1 барои гирифтани мақоми аввал мубориза сурат гирифт. Ин бозӣ бо ҳисоби 3 бар 2 ба ба фоидаи тими Бадахшон-1 анҷом пазируфта, тими Душанбе-1 дар ҷои дуюмро қарор гирифт.
Коршинсони масоили варзишӣ, ки ин мусобиқаро аз аввал то ба охир пайгирӣ намуданд, ба бозии волйболбозони ҷавони тими Душанбе-1 баҳои баланд дода, аз пайдо шудани боз дастаи як касбию қавӣ дар кишвар изҳори хушҳолӣ намуданд. Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматшо Алифшоев гуфт, ки “сарфи назар аз он дастаи мунтахаби Бадахшон 10 маротиба дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ дастболо шуд, аммо варзишгарони ҷавони дастаи Душанбе-1 то ба охир бозии хубу диданӣ аз худ нишон доданд ва ҳеҷ камие аз рақиби пуртаҷрибаи худ надоштанд. Дар баъзе лаҳзаҳо бозигарони дастаи Бадахшон-1-ро дар ҳоли ногувор меандохтанд ва онҳо имкон надоштанд, ки тӯбро дуввумбора ба майдони рақибон баргардонанд. Аксарияти варзишгарони ин даста ҳанӯз донишҷӯ ҳастанд ва дар ояндаи наздик метавонанд, ки барои тимҳои беҳтарини кишвар ба як рақиби шикастнопазир табдил ёбанд”.
Мураббии дастаи Душанбе-1 Рухшона Тайғуншоева, ки як замон зери роҳбарии мураббиии пуртаҷрибаи тими мунтахаби Бадахшон Бекназар Мавлоназаров тамрин карда, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ борҳо шарафи варзиши вилоятро ҳифз мекард, имрӯз бо дастаи худ барои мураббиаш Бекназар Мавлоназаров рақиби асосӣ ба шумор меравад. Шояд худи Бекназар Мавлоназаров низ аз он шод бошад, ки заҳматаш барабас нарафтааст ва чунин шогирдони варзидааш ба майдони варзиш ворид мегарданд ва барои рушди ин риштаи зебои варзиш саҳми хеш мегузоранд.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода дастаи Бадахшон 1- ро табрик намуда, зери кафкӯбии ҳаводорони ин намуди зебои варзиш ба ғолибон Ҷоми Мусобиқа ва медалу ифтихорнома тақдим кард. Муовини раиси вилоят дар баробари ғолибон ҳамчунин ба ҳамаи мураббиён ва бозигарони дастаҳои Душанбе- 1, Суғду Хатлон барои ширкати фаъол дар мусобиқа ва рангину ҷолиб кардани он аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан аз номи раиси вилоят Ёдгор Файзов миннатдории хос баён намуд.










Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дуюми худро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо тими Ҷопон бозӣ мекунад
ҶОМИ ФУТЗАЛИ ОСИЁ-2026. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон мусовӣ анҷом ёфт
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамтоён аз Ҳиндустон бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Узбекистон бозӣ мекунад
Довар аз Тоҷикистон бозиҳои қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026-ро ҳакамӣ мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 20 майдонча ва толори варзишӣ сохта шуд
Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид






