Дастаи мунтахаби занонаи ҷавонони футболи Ӯзбекистон (U-20) ғолиби чемпионати CAFA-2021 дар Душанбе гардид
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар байни дастаҳои мунтахаби занонаи ҷавонони то 20-сола, ки аз 11 то 17 июн баргузор гардид, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар Душанбе анҷом ёфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар он дастаҳои мунтахаби ҷавондухтарон аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат варзиданд. Мусобиқаҳо мутобиқи низоми даврӣ дар як давр баргузор шуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои мусобиқаҳои CAFA-2021 ҳамзамон ду даста — дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон ва Эрон миқдори баробари холҳоро ба даст оварданд — 10 холӣ. Аммо духтарони футболбози Ӯзбекистон аз ҳисоби беҳтар будани тафовути голҳои задашуда ва гузаронидашуда, дар ҷадвали ниҳоии қувваозмоӣ ҷои аввалро соҳиб ва ғолиби мусобиқа шуданд. Медалҳои биринҷии чемпионати CAFA-2021 насиби дастаи мунтахаби Қирғизистон гардиданд, ки дар чор бозӣ 6 хол ба даст оварда буд.
Дастаи мунтахаби занонаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Илдар Раҳмонов дар ҳамаи чор бозӣ — аз дастаҳои Эрон (0: 3), Афғонистон (0: 1), Қирғизистон (0: 1) ва Ӯзбекистон (1: 7) шикаст хӯрд ва дар ҷои охирин қарор гирифт.
Дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов дар маросими пӯшидашавии мусобиқоти CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 20-сола ширкат варзиданд.
Ҷоизаи «Fair play» ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба дастаи мунтахаби Афғонистон супорида шуд. Жасмина Абдуғаниева (Ӯзбекистон) бо 7 голи задааш беҳтарин нишонзани чемпионати CAFA-2021 эътироф шуд.
Мусобиқаи CAFA-2021 дар байни дастаҳои мунтахаби занонаи ҷавонон (U-20)
Давраи 1-ум
Эрон – ТОҶИКИСТОН 3:0
Ӯзбекистон – Афғонистон 11:0
Давраи 2-ум
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон 0:1
Ӯзбекистон – Қырғизистон 3:1
Давраи 3-ум
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон 0:3
Афғонистон – Эрон 0:8
Давраи 4-ум
Қирғизистон – Афғонистон 3:0
Ӯзбекистон – Эрон 2:2
Давраи 5-ум
ТОҶИКИСТОН – Ӯзбекистон 1:7
Эрон – Қирғизистон 4:1
Б Б М Б Т Х
1 Ӯзбекистон 4 3 1 0 23-4 10
2 Эрон 4 3 1 0 17-3 10
3 Қирғизистон 4 2 0 2 8-7 6
4 Афғонистон 4 1 0 3 1-22 3
5 Тоҷикистон 4 0 0 4 1-14 0
АКСҲО аз ФФТ











«Истиқлол»-и Душанбе бори чордаҳум чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ шуд
«Истиқлол» баъди ғалаба бар дастаҳои «Ҳосилот» ва «Ҳулбук» ба садри ҷадвали Лигаи олӣ баромад
Алифбек Беромов барномаи байналмилалии ФИФА-ро дар Ҷакарта муваффақона хатм кард
Иштирокчиёни Ҷоми Осиё-2026 оид ба футбол байни дастаҳои то 17-сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Дастаи «Рахш»-и Восеъ ғолиби қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол гардид
Дар Душанбе оид ба омӯзиши арзишҳои олимпӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Дубай иштирок мекунад
Дар «Tokyo Grand Slam 2025» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон шаш паҳлавон иштирок менамояд
Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam» сазовори ду медал гардиданд
Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид
Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд






