Доир ба фарогирии занони ҳомила ба чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак машварати онлайнӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 июн дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фарогирии занони ҳомила ба чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак» машварати онлайнӣ доир гардид. Дар машварати мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, масъулини соҳа ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд.
Тавре аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Зулфия Абдусаматзода таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ҷалб намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Иштирокдорон дар бораи роҳҳои муассири фарогирии занони ҳомила ба чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак мубодилаи афкор намуданд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак ба масъулин тавсияҳо дода шуд.
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






