Доираҳои сармоягузории Туркия дар Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2021» иштирок менамоянд

Июнь 3, 2021 10:41

ДУШАНБЕ,03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки доираҳои сармоягузории Туркия дар Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2021», ки моҳи июл дар Душанбе баргузор  мегардад, иштирок намоянд.

Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷалби сармояи мустақим аз Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар мулоқоти  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар Душанбе баррасӣ гардид.

Тибқи хабари ба АМИТ «Ховар» расидаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоҳибон, дурнамои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии ду кишвар, пешбурди савдо ва ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолиро матраҳ намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобалан судманд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, сохтмон, саноат ва дигар самтҳои афзалиятнок иброз намуданд.

 Акс аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ

Июнь 3, 2021 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷииро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд