ФАВРӢ! Гутерришро ба муҳлати дуввум дабири кулли СММ таъйин карданд

Июнь 18, 2021 18:44

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маҷмаи Умумии СММ Антонио Гутерришро бори дуввум дабири кулли созмон таъйин кард: муҳлати навбатии ӯ дар ин вазифа аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмон хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз раиси Маҷмаи Умумии СММ Волкан Бозкир иттилоъ дод.

«Маҷмаи Умумӣ мехост қатъномаро … бо роҳи эътибор қабул кунад. Қарор қабул карда шуд. Шарафмандона эълом медорам, ки Ҷаноби Олӣ Антонио Гутерриш ба муҳлати дуввум аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 дабири кулли СММ таъйин шуд», — гуфт Бозкир.

Дар қатъномаи имрӯз, 18 июн қабулшуда, гуфта мешавад, ки Маҷмаи Умумии СММ Гутерришро ба ҳайси дабири кулли СММ ба муҳлати ваколаташ аз 1 январи соли 2022 то 31 декабри соли 2026 таъйин мекунад.

Гутерриш ягона номзад ба мақоми дабири кулл буд. Бори аввал ӯ 1 январи соли 2017 ба ин мансаб таъйин шуда буд. Дабири кулл ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешавад.

Гутерреш нӯҳумин дабири кулли СММ аст. Нахустин дабири кулли ин ташкилоти ҷаҳонӣ Трюгве Ли (Норвегия) буд. Пас аз ӯ ба ин вазифа Даг Хаммершелд (Шветсия), У Тан (Мянма), Курт Валдхайм (Австрия), Хавер Перес де Куэляр (Перу), Бутрос Бутрос-Гали (Миср), Кофи Аннан (Гана), Пан Ги Мун (Кореяи Ҷанубӣ) интихоб шуданд.

АКС аз хадамоти матбуоти СММ

Июнь 18, 2021 18:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд