ФУТБОЛ. «Равшан» ва «Эсхата» дар бозиҳои мавқуфмондаи Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ғолиб омаданд

Июнь 7, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 07.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз ду бозии мавқуфмондаи марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Дар бозии мавқуфмондаи даври ҳаштум дастаи нави лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  бар дастаи  футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд ва ба ҷои дуюми ҷадвали чемпионат баромад. Дар ҳайати дастаи «Эсхата» легионери ӯзбек Акобир Тураев ду гол зад. Як голи дигарро Рустам Сабуров ба номаш сабт кард. Голҳои дастаи футболи  «Хуҷанд»-ро Дилшод Бозоров ва Артём Сердюк ба нишон расонид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар бозии мавқуфмондаи даври нӯҳум бошад, дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар  шаҳри Бохтар дастаи футболи  «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳар ду голро легионер аз Гана Эффаҳ Кингслей Осей ба ҳадаф расонид.

Мавриди зикр аст, ки  бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Япония  марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 20  июн шурӯъ мегардад.

20 июн  дастаҳои футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва 21  июн бошад, дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо КМВА  ва «Куктош»-и  ноҳияи  Рӯдакӣ  бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб байни ҳам вомехӯранд.

Чемпионат Тоҷикистон-2021. Лигаи олӣ

Бозии мавқуфмондаи даври 8-ум

«Эсхата» – «Хуҷанд» – 3:2

Голҳо: Дилшод Бозоров, 8 (0:1). Рустам Сабуров, 44 (1:1). Акобир Тураев, 45+2 (2:1). Акобир Тураев, 66 – пеналти (3:1). Артём Сердюк, 75 – пеналти (3:2).

Бозии мавқуфмондаи даври 8-ум

«Равшан» – «Куктош» – 2:0

Голҳо: Эффах Кингслей Осей, 11 (1:0). Эффах Кингслей Осей, 53 (2:0).

 

 ДАСТАҲО                                        Б        Ғ          М         Б        Т-Т         Х
 1 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  8  5  1  2  17-18  16
 2 «Эсхата» (Хуҷанд)  9  4  2  3  16-14  14
 3  «Хатлон» (Бохтар)  8  3  3  2  9-7  12
 4  «Файзканд» (Восеъ)  8  3  3  2  8-7  12
 5  «Куктош»(Рӯдакӣ)  9  3  2  4  10-16  11
 6  «Равшан»(Кӯлоб)  8  2  3  3  10-11  9
 7  «Истаравшан» (Истаравшан)  8  2  3  3  8-9  9
 8  «Душанбе»(Душанбе)  8  2  3  3  13-16  9
 9  «Истиқлол» (Душанбе)  3  2  1  0  4-1  7
 10  КМВА (Душанбе)  9  1  3  5  9-15  6

 

                                                                                                                                                  Акс аз ФФТ

Июнь 7, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд