«Хуҷанд» пас аз ғолиб омадан бар дастаи «Эсхата» ба зинаи аввали ҷадвали лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон баромад
ДУШАНБЕ, 29.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 26-27 июн дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Аз панҷ бозии баргузоршуда чор бозӣ бо ҳисоби мусовӣ ҷамъбаст гардид.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар бозии аввали ин давр дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба карда, ба ҷои аввали ҷадвали чемпионат баромад. Дар ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» Абдулмуъмин Забиров ва Дилшод Бозоров дуголӣ заданд. Як голи дигарро Тоҳир Малодӯстов ба нишон расонид.
Чор бозии дигари даври мазкур бошад, бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтанд: бозӣ миёни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Куктош» бо ҳисоби 2:2, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан бо ҳисоби 0:0, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Истиқлол»-и шаҳри бо натиҷаи 1:1 ва «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:1 ба қайд гирифта шуд.
Ёдовар мешавем,ки бозиҳои даври навбатии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 3-4 июли соли равон баргузор мешаванд. Дар даври навбатӣ дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Куктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо КМВА-и шаҳри Душанбе байни ҳам рақобат мекунанд.
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | ГОЛҲО | ФАРҚ | Х | |
| 1 | «Хуҷанд» (ХУҶАНД) | 10 | 6 | 1 | 3 | 23-13 | +10 | 19 |
| 2 | «Эсхата» (ХУҶАНД) | 11 | 5 | 2 | 4 | 20-20 | 0 | 17 |
| 3 | «Хатлон» (БОХТАР) | 10 | 4 | 4 | 2 | 11-8 | +3 | 16 |
| 4 | «Равшан» (КӮЛОБ) | 10 | 3 | 4 | 3 | 13-13 | 0 | 13 |
| 5 | «Истаравшан» (ИСТАРАВШАН) | 10 | 3 | 4 | 3 | 10-10 | 0 | 13 |
| 6 | «Файзканд»(ВОСЕЪ) | 10 | 3 | 4 | 3 | 10-10 | 0 | 13 |
| 7 | «Куктош»(РӮДАКӢ) | 11 | 3 | 3 | 5 | 13-20 | -7 | 12 |
| 8 | «Истиқлол»(ДУШАНБЕ) | 5 | 3 | 2 | 0 | 9-3 | +6 | 11 |
| 9 | «Душанбе»(ДУШАНБЕ) | 10 | 2 | 4 | 4 | 15-20 | -5 | 10 |
| 10 | КМВА (ДУШАНБЕ) | 11 | 1 | 4 | 6 | 12-19 | -7 | 7 |
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






