Имрӯз панҷумин нишасти роҳбарони Китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 15.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ибтикори Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории Иқтисодӣ /СҲИ-/ЭКО/ панҷумин нишасти роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ дар шакли маҷозӣ доир мегардад. Дар ин бора аз Муассисаи фарҳангии СҲИ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Интизор меравад, ки дар нишаст Раиси Муассисаи фарҳангии СҲИ Сарвар Бахтӣ сухан карда, инчунин роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳои узви СҲИ ба муаррифии китобхонаҳои миллии худ ва бозгӯ кардани таҷрибаашон дар давраи COVID — 19 мепардозанд. Нишасти роҳбарони Китобхонаҳои миллии кишварҳои аъзои дар се қисмат баргузор гардида, дар бахши сеюм баҳсу музокираи раисони китобхонаҳои миллии СҲИ сурат мегирад.
Дар нишаст ҳамзамон Раиси Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва муассисоти китобдорӣ доктор Кристина Макензӣ ва сарпарасти дафтари минтақаии ЮНЕСКО Стан Стоковски иштирок ва сухан менамоянд. Дар нишаст филми муаррифии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва суханронии директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода ҳам пахш хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки чорумин нишасти роҳбарони китобхонаҳои СҲИ моҳи ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.
Акс аз Муассисаи фарҳангии СҲИ








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






