ИМРӮЗ – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ДОНОРИ ХУН. Ба беш аз 100 нафар унвони «Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шудааст

Июнь 14, 2021 13:48

ДУШАНБЕ, 14.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2005, ҳамасола 14 июн Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ Карл Ландштейнер, ки аввалин маротиба гурӯҳи хунро муайян намудааст, бахшида шудааст. Мақсад аз таҷлили  санаи мазкур ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорон мебошад.

 Бахшида ба ин сана,  ҳамасола дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун  андешида шуда, аз ҷумла нафарони зиёд бо мақсади ҳаёти касеро наҷот додан ба марказҳои хунсупорӣ  мераванд ва хун месупоранд.  Донори хун будан ё хун супоридан дар аксари кишварҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Солҳои охир дар Тоҷикистон ҳам раванди афзоишёбии хунсупорандагон мушоҳида мешавад. Имрӯз дар  мамлакат  беш аз 100 нафар унвони «Донори фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро соҳиб мебошанд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба донории хун ва ҷузъҳои он» барои «Донори фахрӣ» шудан бояд занҳо 15 ва мардҳо 20 литр хун супоранд. Гуфта мешавад, ки дорандагони унвони «Донори фахрӣ» аз  баъзе имтиёзҳо  ба монанди ба нафақа 10 дарсад зам намудан, ҳаракати ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ташхиси тиббии ройгон, 50 дарсад имтиёз ҳангоми хариди доруворӣ ва истифода аз баъзе намуди хизматрасонии тиббӣ бархӯрдоранд.

Тавре муовини директори  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азмиддин Қутбиддинов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, шумораи хунсупорандаҳо давоми як сол 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

«Маркази ҷумҳуриявии илмии хун бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун як моҳ пеш, яъне аз 15 май то 14 июни соли равон маъракаи хунсупориро оғоз намуд, ки дар доираи он  дар назар дошта шудааст, ки 2500 нафар бояд хун супоранд»,- гуфт номбурда.

Ба зикри мавсуф, «шахсони аз 18 то 65-сола, ки тарзи ҳаёти солимро пеш мебаранд, донори хун шуда метавонанд. Дар баробари синну сол вазни хунсупоранда (донор) аҳамияти махсус дорад, зеро  чунин шахс набояд аз 50 кг кам бошад. Доноре, ки хун месупорад, қаблан аз муоинаи тиббӣ мегузарад ва гурӯҳи хуни ӯ муайян карда мешавад. Инчунин  ташхиси гемоглобин гузаронида мешавад. Баъди ташхис дақиқ карда мешавад, ки оё дар таркиби хуни донор бемориҳои сирояткунанда, аз қабили СПИД, ВИЧ, гепатити В, С, сифлис ва ба ин монанд бемориҳое, ки сироятӣ ва барои ҳаёти шахс хатарноканд, ба қайд гирифта мешаванд ё не.   Агар яке аз ин ташхисҳо ҷавоби қонеъкунанда надиҳад, пас аз доноршаванда хун гирифта намешавад. Баъзе нишондиҳандаҳои бартарафшаванда, аз ҷумла, вазни кам, бемории муваққатӣ, нишондоди ками гемоглобин дар таркиби хун ва ба ин монанд бемориҳое ҳастанд, ки пас аз муддате бартараф мешаванд ва шахс метавонад хун супорад».

«Хунсупорӣ фоидаовар буда, бемориҳои системаи рагҳои хунгард, бемориҳои ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ менамояд. Инчунин системаи иммунитети шахс мустаҳкам мегардад ва аз ҳама муҳим, ҳаёти касе наҷот дода мешавад,- мегӯяд Азмиддин Қутбиддинов.

Ба гуфтаи А. Қутбиддинов,  тарғибу ташвиқи самаранок ва фаъолияти ҳирфаии кормандони Маркази мазкур боис шуд, ки имрӯз сокинони кишвар, махсусан ҷавонон аз аҳамияту зарурати хунсупорӣ огоҳ гашта, бо дарки масъулият барои адои қарзи инсонии худ ба хунсупорӣ мераванд.

Имрӯз рушди тибби муосир, ҷарроҳиҳои вазнини пайвандсозии узвҳо ва системаи рагҳо, кумаки таъхирнопазири акушерӣ ва таҷрибаи педиатрияро бе истифодаи самараноки ҷузъҳои хуни донорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Искандар Бахтиёров яке аз ҷавонҳоест, ки чанд маротиба хун супоридааст. Ӯ мегӯяд, ки барои саломатии худ ва кумак ба нафари эҳтиёҷманд ин корро кардааст ва таъкид менамояд, ки пас аз хун супоридан одам худро ҷисману рӯҳан ҷавоншуда ҳис мекунад ва хушҳол мешавад, ки шояд ҳаёти касеро наҷот дода бошад.

«Дар бораи хунсупорӣ ё донори хун шунидаву хонда будам. Тариқи телевизиону филмҳо дида будам, ки барои бемор дар ҳолати зарурӣ чӣ гуна ба душворӣ хун пайдо мекунанд. Дақиқ намедонам, ки кай аввалин маротиба хун супоридам, аммо зери таъсири ҳамин мушоҳидаҳову андешаҳо ба хунсупорӣ оғоз кардам. Барои касеро қарздор кардан ё ягон ҳадафи дигар хун намесупорам. Хун месупорам, то дар баробари кумак ба нафаре саломатии худамро низ беҳтар кунам»,-илова  мекунад  Искандар Бахтиёров.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки аксари ретсипиентҳо – онҳое, ки хун қабул мекунанд, ба хунсупорӣ ва донори хун таваҷҷуҳ менамоянд. Сокини пойтахт Фирӯза Комилова, модари ду фарзанд, мегӯяд, ки ҳангоми таваллуди кӯдаки якум ба хун ниёз дошт ва аз хуни донорӣ истифода кардааст. Ӯ иброз дошт, ки то истифода аз хуни донорӣ дар мавриди хунсупорӣ ё донори хун кам маълумот дошт ва ба он таваҷҷуҳ намекард. Аммо имрӯз муҳимияти хунсупориро дарк кардаву худаш низ барои хунсупорӣ рафтааст.

«Намедонистам, ки дар куҷо ва чӣ гуна хун месупоранду донори хун кист. Вақте худам ба хун эҳтиёҷ пайдо кардам ва хуни нафари номаълуме ҳаёти ман ва кӯдакамро наҷот дод, ба хунсупорӣ ва донори хун таваҷҷуҳ пайдо кардам. Соли гузашта ман ҳам хун супоридам ва хеле хушҳол шудам, пеш аз ҳама, барои он ки ман ҳам дар наҷоти ҳаёти касе саҳми кӯчаки худро гузоштам»,-бо эҳсос иброз медорад Фирӯза Комилова.

Июнь 14, 2021 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон
РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе Шоу – барномаи консертии идона баргузор мегардад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии аъзои Комиссияи идоракунии лоиҳаи JDS иштирок намуд
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд
Ҷамолиддин Абдуллозода дар ҷаласаи пленарии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумиҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид