Иштироки паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян шуд

Июнь 23, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалӣ дзюдо дар сомонаи расмии худ охирин радабандии олимпиро, қабл аз баргузории Бозиҳои олимпии Токио нашр кард. Тибқи радабандии мазкур чаҳор паҳлавони шинохтаи  тоҷик роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст оварданд.

Дар вазни-73кг Сомон Маҳмадбеков бо  3580 имтиёз дар садри рӯйхати дзюдочиёни  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии дзюдочиёни олимпии ҳамин вазн қарор дорад.

Тавре аз Федератсияи дзюдои  Тоҷикистон  ба  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар  доданд, дар вазни -73кг ҳамчунин Беҳрӯзи Хоҷазода бо 2796 имтиёз дар ҷои дуюми рӯйхати дзюдочиёни  тоҷик ва дар мақоми 25-уми радабандии олимпии дзюдочиёни  ҷаҳонӣ мавқеъ гирифтааст.

Акмал Муродов (-81кг) бо 1060 имтиёз, Комроншоҳ Устопириён (-90кг) бо 2944 ва  Темур Раҳимов (+100кг) бо 3241 имтиёз садринишиини радабандии вазнҳои худ миёни дзюдочиёни  тоҷик мебошанд.

Тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) танҳо беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон, ки дар «минтақаи сабз»-и ҷадвали радабандии олимпӣ қарор доранд ба Бозиҳои олимпӣ мераванд. Инчунин  аз як давлат дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад.

Аз ин рӯ, Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарчанд дар «минтақаи сабз» қарор дорад, бинобар имтиёзҳои кам доштанаш аз Сомон Маҳмадбеков, роҳхати Олимпиадаи дар пешбударо ба даст наовард.

Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов бошад, мустақиман роҳхат гирифтанд. Акмал Муродов бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Бояд қайд намуд, ки Федератсияи байналмилалии дзюдо  (IJF) рӯзи 28- июн ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхат шударо расман эълон менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад. Қувваозмоиҳо варзишгарон дар риштаи дзюдо  шурӯъ аз 24 то 31  июл идома меёбанд.

Июнь 23, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад