«КӮДАКОНИ ИТТИҲОД». Таҳти ин ном дар Санкт-Петербург Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад

Июнь 3, 2021 13:59

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 29 июн дар шаҳри  Санкт-Петербург Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор мегардад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Азертадж« хабар медиҳад, ин чорабинӣ аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ ва маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург ташкил шудааст.

Дар форум ҳайатҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова, Россия ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Барои онҳо чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд. Чорабиниҳои асосӣ дар маҷмааи солимгардлнии кӯдакон «Буревестник» баргузор мешаванд. Ғайр аз ин, иштирокчиёни форум аз ҷойҳои муҳими таърихӣ ва муассисаҳои таълимии Санкт-Петербург ва минтақаи Ленинград дидан карда, аз ҷашни хатмкунандагони Санкт-Петербург бо номи «Алые паруса» дидан мекунанд.

Самти асосии форум дар соли равон, ки Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар ИДМ эълон шудааст, фаъолияти лоиҳавии ҳайатҳо дар мавзӯъҳои «Иншооти ЮНЕСКО-и мо» ва «Модели ЮНЕСКО» хоҳад буд. Ҳайатҳо мавзеъҳои мероси фарҳангии кишварҳояшонро, ки таваҷҷуҳи ЮНЕСКО-ро бояд ҷалб кунад, муаррифӣ мекунанд ва барои таъсиси як созмони кӯдаконаи ЮНЕСКО дар доираи Иттиҳод лоиҳа омода месозанд.

Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» бо ташаббуси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис ёфтааст, ки он аз ҷонибӣ Ассамблеяи байнипарлумонӣ дастгирӣ ёфт. Форуми нахустин соли 2013 дар Чолпон-Ота дар соҳили Иссиқкӯл баргузор шуда буд.

Дар маҷмӯъ, дар тӯли мавҷудияти лоиҳа зиёда аз 600 нафар мактаббачагон аз нӯҳ кишвари узви ИДМ дар форум ширкат варзиданд.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи асосии чорабинӣ эҷоди платформаи байналмилалӣ оид ба тарбияи кӯдакон ва ҷавонон дар рӯҳияи ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ, инчунин ташаккули захираи кадрии Иттиҳод мебошад.

АКС: «Азертадж»

Июнь 3, 2021 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид