Маҳсулоти ҶДММ «Меваю сабзавоти Турсунзода» ва Боғи Сомон ба Ҷумҳурии Қазоқистон содирот мешавад

Июнь 25, 2021 14:45

ТУРСУНЗОДА, 25.06.201 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон  Бакит Султанов ба шаҳри Турсунзода ташриф овард.

Тибқи иттилои котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов, дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки гурӯҳи кории ҷониби Қазоқистон, роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорон машварати корӣ доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии шаҳри Турсунзода баргузор гардид.

Баъд аз мубодилаи афкори тарафҳо аввалин шартномаи ҳамкорӣ бо ҶДММ «Меваю сабзавоти Турсунзода» ба маблағи 500 ҳазори доллари ИМА баста шуд.

Дар қисми дуюми мулоқот машварати сайёр сурат гирифта, гурӯҳи корӣ бо фаъолияти ҶДММ  «Сардор 2008»  шинос шуданд.

Дар ҷараёни машварати сайёр ҳамчунин гурӯҳи корӣ аз хоҷагиҳои «Ватан» ва «Боғи Сомон» дидан намуда, ба токзорҳо ва фаъолияти токпарварони шаҳри Турсунзода баҳои баланд дода, ҳамзамон ҷиҳати содироти маҳсулот бо хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» ба маблағи 500 ҳазор доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

АКСҲО: МИҲД шаҳри Турсунзода

Июнь 25, 2021 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст