Маъмурияти дипломатии Сафири Эстония дар Тоҷикистон ба поён расид
ДУШАНБЕ, 10.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) Ҳейти Мяэмеэсро ба муносибати ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва фарҳангӣ изҳори назар намуда, ҳавасмандии худро барои таҳкими баъдии муносибатҳо таъкид карданд.
Музаффар Ҳусейнзода ба Ҳейти Мяэмеэс барои саҳмаш дар рушди ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Эстония изҳори сипос намуда, дар фаъолияти ояндааш комёбиҳо таманно кард.
АКС аз ВКХ








Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд






