Меркел ҳамлаи Германияи фашистиро ба ИҶШС «мояи шармандагӣ» номид

Июнь 21, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 21.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Федеративии Германия  масъулияти доимии худро барои ҷиноятҳои вобаста ба ҳамлаи Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ 22 июни 1941 эътироф мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Мавҷи Германия» (Deutsche Welle (DW) иттилоъ медиҳад, дар ин бора канслери Германия Ангела Меркел дар зернавишти видеои худ, ки рӯзи шанбеи 19 июн интишор ёфтааст, изҳор доштааст. Ин муроҷиатнома ба 80-умин солгарди ҳуҷум ба ИҶШС  бахшида шудааст.

«Барои мо, немисҳо, ин мояи шармандагӣ аст» — таъкид кардааст сарвари ҳукумати Германия. Миллионҳо одамон, хусусан дар қаламравҳое, ки имрӯз марбути Россия, Украина ва Белорус, инчунин кишварҳои Балтика мебошанд, ҳалок шуданд, — зикр  кардааст вай. -Набояд фаромӯш кард, ки «мо — дар назди миллионҳо қурбониён ва наслҳои онҳо қарздор ҳастем», -илова кардааст канслер.

Дар ҳамин ҳол, канслери федералӣ ёдовар шудааст, ки  сарфи назар аз ҳодисаҳои даҳшатноки ҷанг — бисёриҳо ба Берлин дасти оштӣ дароз карданд. Германия  барои ин миннатдории амиқро  ҳис мекунад, илова кардааст вай.

Ангела Меркел сиёсати Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачёвро ба таври хос зикр кардааст, ки ба шарофати он Германия  дар соли 1990 тавонист бо роҳи осоишта муттаҳид шавад ва аз он вақт равобити шаҳрвандиро байни ду кишвар рушд диҳад.

Канслери Германия  дар зернавишти видеоии худ ба рӯйдодҳои чанде пештар дар фазои пасошӯравӣ низ дахл кардааст. Вай бо таассуфи зиёд гуфтааст, ки «фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Россия, инчунин дар Беларус вақтҳои охир маҳдуд карда шудааст — гузашта аз ин, ғайриимкон шудааст».

«Вақте ки тазоҳургарони осоишта ва намояндагони номатлуби оппозисиюн (ба мақомот — шарҳи АМИТ «Ховар»)  паси панҷара меафтанд, ин дар муносибатҳои мо таъсири сангин мегузорад», — иброз  доштааст сарвари ҳукумати Германия. Ба гуфтаи вай, ғасби Қрим аз сӯи Россия ва дастгирии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина — нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Меркел мутмаин аст, ки ин барои Германия  ва инчунин барои тамоми Иттиҳоди Аврупо қобили қабул нест.

Дар ҳамин ҳол, канслер таъкид кардааст, ки Федератсияи Россия ва Германия  аз ҷиҳати таърихӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо ҳам вобастагӣ доранд. «Барои мо, чун stop-baldness.net, муколама бо Россия зарур аст», — хулоса кардааст Ангела Меркел.

80 сол пеш, қӯшунҳои вермахт ба қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла карданд ва яке аз ҷангҳои миқёсан бузургтаринро дар таърихи башарият оғоз бахшиданд. Коршинос оид ба таърихи Аврупои Шарқӣ Франк Голчевский пештар зик намуда  буд, ки ҷанг бо ИҶШС  он замон барои аксар олмлниҳо  ҳодисаи ногаҳонӣ буд.

                                                                                            АКСИ: Reurers

Июнь 21, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд