Завқӣ Завқизода бо Мирҷана Сполярич Эггер тавсеаи ҳамкориии Тоҷикистон бо БРСММ-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Миллаи Муттаҳид /БРСММ/ дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори Бюрои минтақавии БРСММ оид ба Аврупо ва ИДМ хонум Мирҷана Сполярич Эггер дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Завқӣ Завқизода зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо БРСММ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамкории зич дошта, бо дастгирии БРСММ Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки соли 2017 «Ҳисоботи ихтиёрии миллӣ»-и худро дар мулоқоти сатҳи баланд дар шаҳри Ню — Йорки Амрико муваффақона муаррифӣ намуд. Ҳамзамон соли 2018 Ҳисоботи миллӣ оид ба ҷараёни татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар дар ҳошияи Ҳазорсолаи Рушди Устувор /ҲРУ/ гузаронида шуд, ки барои таҳлили минбаъдаи татбиқи ҲРУ заминаи асосӣ гузошт.
Зикр шуд, ки дар ҳамкорӣ бо БРСММ ҷиҳати таъмини суботи макроиқтисодӣ, коҳиши вобастагии иқтисоди миллӣ аз таъсироти беруна, баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи истеҳсолот, Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» -ро таҳия намуд, ки барои милликунонии ҲРУ дар кишвар мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо БРСММ як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон ҷиҳати боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум амалӣ шуда истодааст. Завқӣ Завқизода аз ҷониби БРСММ дархост намуд, ки ҷиҳати сафарбар намудани маблағҳои иловагӣ барои лоиҳаи кишвар ва амалисозии нақшаҳои минбаъдаи ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла таҳияи шарҳи пурраи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва муаррифии он дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Рушд /ШМР/, тақвияти иқтидори Котиботи ШМР, инчунин таҳияи ҳисоботи ихтиёрии миллӣ дар соли 2022 мусоидат намоянд.
Мусоҳибон дар анҷом омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикршуда, ки дар маҷмӯъ ба устувории макроиқтисодӣ мусоидат менамоянд, баён доштанд.
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ








СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






