Муовини директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Ҳабибулло Яқубзода: «Иштирок ва саҳми ҷавонон дар соҳаи энергетика ибратбахш аст»
ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 19 то 26 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» баргузор мешавад. Дар доираи форуми мазкур барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мегардад, ки дар он ҷавонони ҳунарманд аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Белорус, Молдова, Озарбойҷон иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Муовини директори генералии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Ҳабибулло Яқубзода дар робита мулоҳизаҳои хешро доир ба иштирок ва саҳми ҷавонон дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат дар матлабе унвонии АМИТ «Ховар» ирсол доштааст, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.
— Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва дар ҳар суханронӣ нақши ҷавононро ҳамчун созандагони ҷомеа таъкид менамоянд.
Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дар яке аз Паёмҳояшон таъкид карда буданд, ки «аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».
Маҳз таваҷҷӯҳу ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҷавонон аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ нақши ин қишри фаъоли ҷамъият зина ба зина боло рафта, ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Илова бар ин бо ибтикори бевоситаи Пешвоми миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардида буд, ки ин ҳам аз таваҷҷӯҳи беандозаи Роҳбари давлат ба ҷавонон гувоҳӣ медиҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар як вохӯрӣ бо ҷавонон таъкид намудаанд: «Ҷавонон, ки ҳафтод дар сади аҳолии ҷумҳурианд, нерӯи такондиҳанда ва пешбарандаи ҳаёти ҷамъият буда, ҳама чиз вобаста ба он аст, ки аз ин нерӯи азим чӣ тавр истифода бурда мешавад. Ин нерӯ метавонад ҳам созанда бошад ва ҳам сӯзанда».
Иштирок ва саҳми ҷавонон дар соҳаи энергетикаи кишвар низ хеле муҳим ва ибратбахш мебошад. Тавре ҷомеаи мо огоҳ аст, дар солҳои истиқлолияти давлатӣ барушду нумуи соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мо диққати махсус дода мешуд. Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», Маркази дуюми барқу гармии Душанбе, садҳо нерӯгоҳҳои хурдӣ барқи обӣ, ривоҷи инфрасохтори соҳа, аз ҷумла Хати интиқоли барқи «Чануб-Шимол», ки ниҳод иэнергетикии моро воҳид сохт, инчунин дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда,аз қабили нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум ва Сарбанд аз тадбирҳое буданд,ки дар таъминоти барқ нақши калидибозида, моро ба истиқлолияти энергетикӣ наздик намуданд.
Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хурд, бисёриҳо фикр мекарданд,ки соҳаи энергетикаи мо, алалхусус Неругоҳи барқи обии Норак, ки зиёда аз 70 фоизи неруи барқи моро истеҳсол менамуд,бе мутахассис мемонад. Вале ман бояд зикр намоям, ки тафаккури инженерии энергетикҳои тоҷик имрӯз хеле баланд аст. Мо на танҳо неругоҳҳо ва инфрасохтори мавҷударо хуб нигоҳ доштем, балки неругоҳи аз Неругоҳи барқи обии Норак бузургтар- Неругоҳи барқи обии Роғунро бунёд намуда истодаем, ки дар он саҳми ҷавонон хеле бузург аст. Дар Неругоҳи барқи обии Роғун низ қувваи асосӣ ҷавононанд.
Бояд таъкид намоям, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз таваҷҷуҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Ҳамаи мо шоҳидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафарҳояшон, ки ба иншоотҳои ниҳоди энергетикии кишвар, алалхусус Неругоҳи барқи обии Роғун, Неругоҳи барқи обии Норак ва Неругоҳи барқи обии Сарбанд доштанд дар ҳар суҳбату вохуриҳояшон бо мутахассион, саҳми ҷавонон ва нақши онҳоро дар пешрафти соҳа таъкиддоштанд.
Дар ниҳоди энергетикии кишвар зиёда аз 13 ҳазор нафар одамон кор мекунанд,ки аксарияташон ҷавононанд. Бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи истиқлолият, вобаста ба пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум, талабот ба барқ низ сол то сол зиёд мегардад. Масалан, шумораи аҳолии кишвар афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гашта, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд, ки ин ҳама ба истеҳсоли неруи барқи иловагӣ эҳтиёҷ доранд.
Вобаста ба ин, солҳои охир бо кумаку дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика рушду тараққӣ ёфта, барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, корҳои зиёд амалӣ шуданд. Мо зинаҳои душворро пушти сар намудем, вале ҳоло ҳам корҳои зиёду мӯҳимро бояд иҷро намоем. Ба касе пушида нест, ки энергетика зерсутуни тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба шумор рафта, пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба он вобастагии қавӣ дорад. Бинобар ин, рушди устувори соҳаи электроэнергетикаи кишварро таъмин намудан, маънои ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ноил гардиданро дорад.
Ҷавонони кишвар, аз ҷумла онҳое, ки дар соҳаи энергетика кору фаъолият доранд, ҳар кадом худро давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар эҳсос намуда, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, дар кору зиндагӣ масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоянд.
Энергетикаи тоҷикро ҳадафҳои бузург дар пеш аст ва мо ба ин ҳадафҳо албатта бо иштироки ҷавонон метавонем, ки ноил шавем.