Дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба волидайни панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагӣ тақдим гардид

Июнь 2, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон 1 июни соли равон  Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода дар ноҳияи Қубодиён дар вазъияти тантанавӣ ба  падару модари панҷгоникҳо калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Қубодиён, инчунин сокинони хайрхоҳи ноҳия дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.

Модари панҷгоникҳо Дилноза Мамадова ва дигар аъзои хонавода аз кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ изҳори минатдорӣ намуданд.

Дар дохили хона барои кӯдакон ва волидайнашон тамоми  шароити зарурӣ,  аз қабили яхдон,  телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об фароҳам оварда шудааст.

Ҳоло саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро,Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз намуд, ки дар ҳама гуна вазъият омода аст ба кӯдакон кумак расонад.

Ёдовар мешавем, ки 30 декабри соли 2020 сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон Дилноза Мамадоваи 31-сола панҷгоник таваллуд кард, ки ин рӯйдоди хушҳолкунанда на танҳо дар таърихи давлатдории Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ низ назир надорад. Дар Тоҷикистон дар солҳои  гузашта ҳолатҳои таваллуди дугоникҳо, сегоникҳо ва чоргоникҳо ба қайд гирифта шуда буданд, аммо таваллуди панҷгоник бори нахуст мебошад.

Июнь 2, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад