«ОЯНДАРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ!» Аз 19 то 26 июн таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон доир мегардад

Июнь 18, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 19 то 26 июни соли равон  дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии ҷавонон  таҳти унвони «Ояндаро бо ҳам месозем!» баргузор мешавад. Дар доираи форуми мазкур барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мегардад, ки дар он   ҷавонони ҳунарманд аз давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Белорус, Молдова, Озарбойҷон  иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар Форуми мазкур иштироки 45 нафар ҷавонон аз ИДМ дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Форуми  байналмилалии ҷавонон дар доираи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай,  Шӯрои миллии кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва эълон гардидани шаҳри Душанбе – ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  роҳандозӣ гардидааст.

Дар доираи Форуми мазкур баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла баргузории барномаҳои  фарҳангӣ – фароғатӣ,  боздид аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии шаҳри Душанбе, минтақаи Ҳисор ва шаҳри Ваҳдат дар назар дошта шудааст.

Хотиррасон мешавем, ки Форуми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Ташкилоти ҷамъиятии «Хонаи ҷавонон» ва дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ баргузор шуда, мақсад аз он мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ байни ҷавонони ИДМ, муаррифии таърих, фарҳанг ва осори пурғановати миллати тоҷик ва имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Июнь 18, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати ҷавонони Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар машварат вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми гуфтугӯи Теҳрон иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии нақшавии Шурои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ба таври онлайн баргузор шуд
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Дар Котиботи СҲШ дар Пекин ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд