Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар «5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ» иштирок ва суханронӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “5-умин Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табиӣ”, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори иҷлосия Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш, Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Волкан Бозкир, Императори Ҷопон Наруҳито, Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Кооперативии Гайана Муҳаммад Ирфан Алӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина ва роҳбарони як қатор кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат варзиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ баргузории Иҷлосияи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба об ва офатҳои табииро иқдоми саривақтӣ маънидод карданд. Баррасии мавзӯи ин чорабинӣ низ, бо дарназардошти афзоиши таҳдидҳои замони муосир, бахусус пайомадҳои пандемияи КОВИД-19, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз ҳам идома дорад, хеле муҳим аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бештар ба масъалаи вазъи имрӯзаи зудтағйирёбандаи ҷаҳон, таҳдиду хатарҳои нав, тағйирёбии иқлим ва зуҳуроти табиии гидрометеорологӣ, сел, обхезӣ, тармафароӣ, хушксолӣ ва таъсисри онҳо ба иқтисоди кишварҳо, бахсусус Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи махсуси СММ оид ба аҳамияту афзалияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Созишномаи Париж оид ба иқлим ва Барномаи Сендай оид ба коҳиши хавфи офатҳо, андешаҳои ҷолиб баён карда, бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои муттаҳид сохтани саъйю талошҳои муштарак дар ҳалли глобалии мушкилоти сайёра ҷалб сохтанд.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, хусусан, кумаки давлатҳои мутараққӣ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта, метавонанд ба ҳаллу фасли самараноки мушкилоти вобаста ба об ва офатҳои табиӣ мусоидати бештар намоянд.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






