Раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Сафири фавқуллода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 22.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Франсия Идигул Қосимзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Таран мулоқот намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Зимни мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳо вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду мамлакат мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо доир ба роҳу василаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Франсия мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Франсия ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Франсия барои ғанигардонии ҳамкорӣ бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Франсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар интиҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
АКС: Маҷлиси намояндагон








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






