Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи IV роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви СҲИ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок кард

Июнь 18, 2021 14:26

ДУШАНБЕ, 18.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16-17 июн  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи чоруми роҳбарони ташкилоти зидди коррупсия ва омбудсменҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Иқтисодӣ (ОЭС) баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иштирок  кард.

Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур Сулаймон Султонзода дар атрофи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт суханронӣ намуд.

Тазаккур бояд дод, ки  10-11 июни соли равон  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи ин сафар байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ёддошти тафоҳум» ва бо Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекситон «Созишномаи ҳамкорӣ» ба имзо расонида шуд.

Дар ин замина дар чаҳорчубаи ҷаласаи болозикр вохӯриҳои дуҷонибаи директори Агентӣ бо роҳбарияти Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ  сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он ба рушди ҳамкории байналмилалии Агентӣ муосидат менамоянд.

АКС: аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Июнь 18, 2021 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад