ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 июн, душанбе, 165-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 14, 2021 08:00

14 июни соли 2011 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини президенти Агентии Япония оид ба масъалаҳои ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Киёшки Кодер баррасӣ гардиданд.

***

10  сол қабл, 14 июни соли 2011 дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси вақти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи  соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба машқгоҳи ҳарбии Чоруқдарони вилояти Суғд сафар карда, рафти машқҳои байналмилалии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро бевосита назорат карданд.

14 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии блогнависон.

***

Рӯзи байналмилалии донорҳои хун.

***

Дар Латвия ва Эстония- Рӯзи ёдбуди ҷазогирифтагони коммунистӣ.

***

Дар Россия- Рӯзи кормандони Хадамоти муҳоҷират.

***

Дар Америка иди миллӣ- Рӯзи парчам.

РӮЙДОДҲО:

14 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол — 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок карданд.

***

14 июни соли 2000 дар Душанбе ҷаласаи байнидавлатии Шӯрои сарони давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

20 сол пеш, 14 июни соли 2001 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти шашуми «Панҷгонаи Шанхай» баргузор гардид. Дар ҷараёни  нишаст Баёния дар бораи  табдил додани «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин пешниҳод дар бораи ба узвияти СҲШ қабул намудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид.

***

14 июни соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муҳокима намуд.

***

14 июни соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи кушоди Осиё оид ба муҳорибаҳои гуногун баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1941 Агентии иттилоотии Россия -ТАСС  овозаи омодагии Германия ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравиро эълон карда буд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1931 ноҳияи Файзобод таъсис дода шуд.

***

Соли 1938 дар Америка хлорофилл (моддаи сабзе, ки ба растанӣ ранги сабз мебахшад) ихтироъ шуд.

Июнь 14, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш