ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 июн, сешанбе, 166-умин рӯзи соли 2021 аст

Июнь 15, 2021 08:00

15 июни соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал қадрдонӣ шуданд.

***

10 сол пеш, 15 июни соли 2011 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ роҳҳои рушди ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар пойтахти Қазоқистон- шаҳри Остона баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозир иштирок намуданд.

15 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии шамол.

***

Дар Ҷумҳурии Корея – Рӯзи кишоварзӣ.

***

Дар Озарбойҷон  — Рӯзи миллии наҷот.

***

Дар Коста-Рика – Рӯзи дарахтшинонӣ.

 РӮЙДОДҲО:

15 июни соли 1996 Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

15 июни соли  2011 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҷонибдорӣ кард.

***

145 сол муқаддам, 15 июни соли 1876 дар Япония сунами ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 28 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 1883 дар Германия қонуне  ба тасвиб расидааст, ки дар вақти беморӣ суғуртаи кории кормандро танзим менамояд.

***

15 июни соли 1999 дар Белгия фурӯши «Кока-Кола»-ро  бо сабаби  доштани моддаҳои зиёди кимиёвӣ манъ намуданд.

***

15 июни соли 1905 Россия ва Япония дар шаҳри Вашингтон барои гузаронидани музокироти осоишта ба мувофиқа омаданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1982 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи миллии Венгрия дастаи миллии Салвадорро бо ҳисоби калони 10:1 мағлуб кард.

Июнь 15, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш