Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов сазовори шаш медал гардиданд

Июнь 21, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 21.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба варзиши сабук дар 30-юмин  мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Гусман Косанов шаш медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ – ба даст овард. Мусобиқа имсол дар сатҳи нав — Continental Tour Bronze Label — 19-20 июн бо иштироки беш аз 200 варзишгар аз  13 давлат: Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Малдив, Малайзия, Эрон, Миср, Афғонистон, Туркманистон, Шри-Ланка, Қатар, Тоҷикистон ва Нидерланд дар Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар ҳайати  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7.46 метр сазовори медали тилло шуд. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 100 метр бо натиҷаи 10.75 сония медали биринҷӣ ба даст овард. Дастаи  Тоҷикистон (Фаворис Музрапов, Илдар Аҳмадиев, Алишер Пулотов, Григорий Дерепаскин) дар эстафетаи 4х100 метр бо натиҷаи 41.29 сония медали нуқра гирифт.

Абдурауф Мусоев дар партоби гулӯла бо натиҷаи 11.46 метр ва гурзандозӣ бо натиҷаи 63.79 метр ду медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дигари биринҷиро Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр бо натиҷаи 1:53.19 сазовор шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ шуданд. Барои ҷои аввал 300 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 200 доллар ва барои ҷои сеюм 100 доллари ИМА тақдим гардид.

Июнь 21, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд