Аввалин зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин парвози мустақилона анҷом дод

Июнь 18, 2021 17:23

ДУШАНБЕ,18.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Ягона зан-ҳавонаварди ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна Афентйева имрӯз нахустин  парвози мустақилонаи худро анҷом дод. Татяна ба ҳайси сарнишини  дуюм дар хатсайри мунтазами Душанбе-Тошканд-Душанбе парвоз кард ва аз ҷониби командири ҳавопаймо Шӯҳрат Раҳимов баҳои хуб гирифт. Татяна Афентева фаъолияти худро дар соҳаи авиатсия аз соли 2011 ба ҳайси роҳбалад оғоз намудааст, иттилоъ медиҳад ширкати хавопаймоии «Сомон Эйр».

Ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Татяна соли 2020 ба сифати сарнишини дуюм пайваст ва то имрӯз парвозҳои таълимиро иҷро мекард, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Барои расидан ба мақсуд номбурда роҳи тӯлонӣ ва душворро тай намуда, асосҳои касби ҳавонавардиро дар омӯзишгоҳи ҳавонавардии авиатсияи граждании ба номи Таран Г.А. дар Федератсияи Россия омӯхтааст. Имтиҳонҳо ва санҷишҳои амалии парвозиро бомуваффақият супорида, алъон сарнишини ҳирфаӣ мебошад, ки парвозҳои байналмилалиро дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 / NG анҷом медиҳад.

«Зимни парвози мустақилонаи худ ҳаяҷон надоштам, парвоз мисли парвозҳои таҷрибаомӯзиам хуб гузашт» – иброз дошт Афентйева пас аз парвози мустақилонаи худ.  Хушҳол аз он, ки аввалин парвози мустақилонаи ман дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон сурат гирифт. Сарфарозам, ки ин қулла ҳам бароям фатҳ шуд ва акнун бояд зиёдтар кӯшиш намояму боз ҳам пеш равам. Алъон вазифаи аввалиндараҷаи ман тақвияти ихтисос ва саҳмгузорӣ дар бехатарии парвозҳо мебошад, ки авиатсияи тоҷик ҳамеша бо ин махсусияташ шӯҳрат дошт.

АКСҲО: хадамоти матбуоти «Сомон Эйр»

Июнь 18, 2021 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд