ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Истаравшан Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Июль 26, 2021 11:19

ДУШАНБЕ, 26.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ  Салим Шарипов дар ҷамоати деҳоти «Қалъачаи калон»-и шаҳри Истаравшан  Маркази хизматрасонии «Фатирҳои Гули Сурх» ва ошхонаи миллии  «Гули Сурх» сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Зимни ифтитоҳи иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорон Салим Шарипов ва Иброҳим Ҷӯраев дар ошхонаи  «Гули сурх»  барои  17 нафар ятимони кулл дастурхони идона ороста шуда, ба онҳо  туҳфаҳо  тақдим карда шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни суҳбат бо кӯдакон раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода зикр кард, ки ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, барои беҳтар кардани шароити зист,  таълиму тарбия ва ба камол расонидани ин табақаи ниёзманд ҳамаи имконияту воситаҳо истифода мегарданд.

Иншооти мазкур  24 июли соли равон  бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулҳафиз Ашурзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Умаров мавриди истифода қарор гирифт.

Дар ин марказ пухтани нонҳои гуногун, фатирҳо, самбӯса ва мурғи танурӣ ба роҳ монда шуда, дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар иншооти навбунёд беш аз 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Июль 26, 2021 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд