ҶАБҲАИ БУЗУРИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Муъминобод осорхонаи муосир сохта мешавад
МУЪМИНОБОД, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод осорхонаи нави замонавӣ сохта ба истифода дода мешавад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов сармуҳандиси Хадамоти назорати техникии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод Давлат Раҳмонов иттилоъ дод, осорхона ба маблағи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, бинои он аз 2 ошёна, 2 утоқи корӣ ва ду толори васеъ барои гузоштани ёдгориҳои таърихӣ иборат мебошад.
Бинои осорхона аз ҷониби ҶДММ «СМС»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд бунёд гардида, то инҷониб 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудааст. Дар бунёди осорхона 15 нафар сохтмончиён ҷалб гардида, тибқи нақша бино то охири моҳи июл ба истифода дода мешавад. Гуфта мешавад, ки баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни дарпешистода дар ноҳия бунёди 333 иншоот ба нақша гирифта шуда, то инҷониб 273 бино сохта шудааст, ки 73% -и нақшаро дар бар мегирад.
Мувофиқи нақшаи дурнамо дар ноҳия сохтмон ва навсозии Парчам, Қалъаи Муъминобод ва гулгаштҳо дар назар дошта шудааст.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






