Аз 12 июл то 7 август дар шаҳри Душанбе 4 мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад

Июль 7, 2021 14:52

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 июл то 7 августи соли равон дар кортҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶДММ «Тоҷварз» 4  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис доир мегардад.    Мусобиқаҳои мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси  Тоҷикистон доир шуда, дар он иштироки беш аз 100 нафар варзишгар дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз 30 июл то 7 август мусобиқа оид ба теннис миёни наврасон  барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон бо унвони «President Cup -2021» ба нақша гирифта шудааст. Аз мусобиқаҳои мазкур 2 мусобиқа миёни наврасони то 14-сола ва 2 мусобиқаи дигар миёни ҷавонони то 18-сола баргузор мегардад.

Мусобиқаҳои мазкур рейтингӣ буда, ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардидаанд ва варзишгарон имкон доранд, ки хол ба даст оварда, мавқеашонро дар радабандии ҷаҳонӣ беҳтар намоянд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бемамониат ширкат варзанд.

АКС: аз бойгонӣ

Июль 7, 2021 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт