Баҳодур ва Сомон дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 бар ҳарифон ғолиб омаданд, Шаббос аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд

Июль 26, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 26.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  25 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ду варзишгари шинохтаи  тоҷик аз намуди бокс – Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев муҳориба карданд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг ба муқобили варзишгар аз Доминикан Леонел Сантос Нунез ба ринг баромада, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Акнун ӯ дар даври 1/8-финал бо ғолиби ҷуфти Чинзогир Баатарсух (Муғулистон) / Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехӯрад.

Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.

Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Имрӯз,  26 июл Сомон Маҳмадбеков аз намуди гӯштини дзюдо  дар   вазни -73кг  хеле ҳунари хуб нишон дода,    рақобати аввалини худро дар Бозиҳои олимпии Токио- 2020   бо ғалаба оғоз намуд. Сомон бар ҳарифи дуюми  худ — Аҳмад Аликай аз дастаи гурезаҳо дастболо шуда, ба даври сеюми рақобатҳо роҳхат гирифт.

Хотирнишон месозем, ки  ин  мусобиқа соати 7:00 бо вақти Душанбе оғоз шуда, қувваозмоиҳои финалӣ соати 13:00 шурӯъ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11 324 нафар варзишгарон давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.

Аввалин медали тиллои олимпиро  24 июл варзишгари чинӣ Қиан Йанг дар тирандозӣ аз милтиқи бодӣ дар масофаи 10 метр ба даст овард. Инак, то ҳоло варзишгарони 33 давлат соҳиби медал шудаанд, аз ҷумла намояндагони 13 давлат ба гирифтани медали тиллои Бозиҳои олимпии Токио шарафёб шудаанд.

 

Июль 26, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд