Бо мақсади табодули таҷриба дар самти ташхис ва табобати COVID-19 миёни табибони Тоҷикистон ва Чин видеоконфронс доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл бо мақсади табодули таҷриба дар самти пешгирӣ, ташхис ва табобати гирифторони бемории COVID-19 бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин видеоконфронс доир гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода иброз намуд, ки баргузории чунин конфронсҳо имкон медиҳад, ки табибони ду давлат ҷиҳат ташхису табобати бемории коронавирус табодули таҷриба намоянд. Зеро таҷрибаи табибони Ҷумҳурии Мардумии Чин воқеан ҳам дар самти ташхис ва табобати ин беморӣ намунаи ибрат ва қобили омӯзиш мебошад.
Дар идомаи видеоконфронс мутахассисони ду кишвар вобаста ба усулҳои нави ташхис ва табобати бемории мазкур мубодилаи афкор намуданд.









Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






