COVID-19. Пешгирии он имрӯз дахолати ниҳодҳои давлатиро тақозо менамояд
ДУШАНБЕ, 26.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳаи тандурустии мамлакат барои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти COVID-19 басанда набуда, он дахолат ва фаъолияти ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва ҷомеавиро тақозо менамояд. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иброз дошт.
Ба зикри мавсуф, омили асосии паҳншавии босуръати бемории COVID-19 аз як тараф эҳтимоли воридшавии штамми тағйирёфтаи вирус, ки аз нигоҳи сироятёбӣ ва марговарӣ ниҳоят хатарнок аст, бошад, аз ҷониби дигар, пурра риоя нагардидани талаботи беҳдоштию зиддиэпидемикӣ дар байни аҳолӣ ва марказҳои гуногуни хизматрасонӣ, аз ҷумла воситаҳои мусофиркашонӣ ба ҳисоб меравад.
“Тибқи таҳлилҳо ба ҳисоби миёна ҳамарӯза бо натиҷаи мусбати ташхиси озмоишгоҳӣ то 25 нафар бистарӣ шуда, 17 нафар аз бемористон рухсат мешаванд. Аз ҳисоби умумии сироятёфтагон ба шаҳри Душанбе 31 фоиз, вилояти Суғд 25 фоиз, вилояти Хатлон 26 фоиз, ноҳияҳои тобеи марказ 15 фоиз ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4 фоиз рост меояд.
Вобаста ба омилҳо ва сабаби сироятёбӣ ҳангоми таҳқиқоти эпидемиологии манбаъҳои сироят муайян карда шуд, ки 43,1 фоиз дар шароити хона ва ё ҳангоми нигоҳубини бемор ба COVID-19 сироят ёфтаанд. 17,4 фоизи беморон сироятёбиро ба ҷойи кор алоқаманд намуда, 16,8 фоиз бемории худро ба иштирок дар маъракаю чорабиниҳо рабт медиҳанд.
Инчунин 22,7 фоизи сироятёфтагон нишон додаанд, ки пас аз рафтан ба бозору марказҳои савдо бемор шудаанд”,- афзуд Ғафур Муҳсинзода.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






