Дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи Данғара як зумра иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд

Июль 5, 2021 10:53

ДУШАНБЕ, 05.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара Асадулло Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Сангтудаи ноҳияи мазкур 11 километр роҳи мошингард ба истифода дода шуда, сохтмони як зумра иншооти дигари ҷашнӣ, ки  бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегиранд, оғоз гардиданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Сангтуда дар фурсати кутоҳ ва ҷавобгӯ бо стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ронандагон бо хушнудӣ изҳор доштанд, ки «пештар аз сабаби вайрон будани роҳ қисмҳои эҳтиётии нақлётамон зуд фарсуда гашта, маблағи зиёд барои таъмири он  сарф мекардем.  Ҳоло ин мушкилӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони саховатпеша бартараф гаридид, роҳҳо таъмир шуданд, акнун роҳи 40 дақиқаро дар 20 дақиқа бе мушкилӣ тай мекунем».

Дар ин амали нек соҳибкори маҳаллӣ Қиёмиддин Чориқулов нақши арзанда гузошт. Номбурда чунин бунёдкориҳоро дар дигар гӯшаҳои диёр низ анҷом додааст.

Дар ин рӯз, ҳамзамон татбиқи лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ барои чорво ва сокинон дар деҳаи Навобод оғоз гардид.

-Солҳои тулонӣ дар деҳа норасоии об вуҷуд дошт, инак ин мушкилии мо бартараф мегардад. Обу ободонӣ мегӯянд, акнун деҳаи мо аз ин бештар сабзтару ободтар мешавад,- мегӯянд бо хушҳолӣ сокинони деҳа ва миннатдории худро ба ҳамаи онҳое, ки дар ин ободкориҳо саҳм доранд, баён намуданд.

Хати оби нӯшокӣ барои  377 оила пешбинӣ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки дар наздиктарин фурсат деҳаҳои атроф низ бо об таъмин карда шаванд.

Баъдан гурӯҳи корӣ дар муассисаи таълимии №29 бо сокинони деҳа мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки «иншооти бунёдшуда  солҳо ба сокинон хидмат мекунад. Инфрасохтори деҳот рушд карда, симои шаҳраку деҳот дигар мегарданду ҷойҳои нави корӣ низ пайдо мешаванд».

Роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  Асадулло Раҳмон миннатдории хешро ба соҳибкорон расонид ва афзуд, ки «дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аст, бунёду навсозии роҳу пул, иншооти маъмурии ҷамъиятӣ дар ноҳия ба истифода дода шудааст. Ин тадбирҳо ба хотири  сазовор  истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд».

Дар анҷоми чорабинӣ ба соҳибкор Қиёмиддин Чориқулов ҷоизаи «Ободгари Ватан» ва ба як зумра  соҳибкорону сохтмончиён ва механизаторон сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Июль 5, 2021 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд