Дар Душанбе Муколамаи навбатии сатҳи миллӣ доир ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Июль 7, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муколамаи сатҳи миллӣ (техникӣ) доир ба низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳо, олимону коршиносони соҳа, секторҳои хусусӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар доираи риояи қоидаҳои беҳдоштӣ доир гардид.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар муколама муовини якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун Ҳамоҳангсози миллии Саммити низоми озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода иштирокдорони муколамаро хайрамақдам гуфта, аз раванди дигар Муколамаҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, ки  дар шаҳри Душанбе ва дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ оид ба таҳия намудани  «Нақшаи амали низоми озуқаворӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо супориши Сарвазири мамлакат аз 25 ноябри соли 2020 доир ба муқаррароти номаи муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуда буданд, баҳои баланд дода, иқдоми мазкурро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ намуд.

Дар раванди Муколамаи сатҳи миллӣ (техникӣ) мушовир ва муовинони Ҳамоҳангсози миллии Саммити мазкур вобаста ба самтҳои асосии «Барномаи рушди низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, пешниҳодҳои аъзоёни гурӯҳои байдиидоравии вазорату идораҳо, секторҳои хусусӣ ва олимону таҳлилгарони соҳаро барои ба таври комил таҳия  намудани нақшаи амал муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Ҳамоҳангсози миллии Саммити низоми озуқаворӣ зикр шуд, ки  26-28 июли соли 2021 баргузории пресс-саммит  бо иштироки намояндагони СММ, олимону коршиносони байналмилалӣ ба таври онлайн дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ аз аъзоёни гурӯҳи байниидоравии вазорату идораҳои давлатӣ хоҳиш  карда мешавад, ки  дар ҷаласаи мазкур тариқи маҷозӣ (онлайн) фаъолона иштирок намоянд.

Июль 7, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд