Дар маҳаллаи «Тоҷикон»-и шаҳри Исфара Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 05.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Тоҷикон»-и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа ба фаъолият оғоз намуд. Бинои маркази мазкур аз ду утоқи барҳавои хизматӣ барои нозирони минтақавии милитсия, ҳуҷраи кории аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошхона ва ҳуҷраи шустушӯ иборат буда, бо таҷҳизоти компютерӣ, асбобу аёниятҳои барои дафтари корӣ пешбинишуда таъмин мебошад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ба истифодадиҳии маркази мазкур сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия ВКД полковники милитсия Валихон, Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара, полковники милитсия Фирдавс Шомадзода ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди ШВКД-2 шаҳри Исфара иштирок намуданд.
Зимни ҷамъомад намояндагони мақомот таъкид намуданд, ки ба истифодадиҳии ин иншооти хизматӣ имкон медиҳад, ки ҳар як шаҳрванд дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия дар татбиқи сиёсати давлатӣ, амалисозии низому тартибот ва пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар маҳалли зисти худ фаъолона ширкат варзад.
Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар доираи «Барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон” бунёд гардида, самти фаъолияти он бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмини бехатарии ҷомеа, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бартарафнамоии мушкилоти аҳолӣ ва муҳимтар аз ҳама устуворсозии боварии халқ нисбат ба фаъолияти мақомот ва дар ин замина қавитар сохтани робитаи ҳамкорӣ байни онҳо мебошад. Бо ҳамин мақсад аз ҳисоби фаъолони маҳал ва намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ гурӯҳҳои корӣ созмон дода шуда, ҷиҳати корбарӣ ба минтақаҳо сафарбар карда мешаванд. Гузаронидани пурсишҳои сотсиологӣ, ташкили вохӯрию мулоқотҳо, семинар-машваратҳои корӣ барои муайян ва бартарафсозии муаммоҳои ҷойдошта вобаста ба самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ ва ташкили чорабиниҳои тарбиявию ҳуқуқӣ маҳаки асосии фаъолияти Марказ мебошад.
Аксҳо аз ВКД









Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Тавассути корти бонкии нафақагирон беш аз 200 амалиёти бонкӣ иҷро мегардад






