Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯйи рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар ҷойи сеюм қарор гирифт

Июль 10, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз руйи  рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон пас аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон итттилоъ медиҳад.

Webometrics Ranking of World Universities системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури академияҳо ва институтҳои тадқиқотӣ дар интернет ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки рейтинг соли 2004 ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола моҳҳои январ ва июл омори навро нашр менамояд. Имрӯз он ба зиёда аз 12,000 донишгоҳҳои ҷаҳон дар саросари ҷаҳон нишондиҳандаҳои веб пешниҳод менамояд.

Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маҷмӯъ рейтинг барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори меҳнат таъсири худро расонад.

Июль 10, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд