Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯйхати ниҳоии иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро нашр намуд

Июль 7, 2021 15:07

ДУШАНБЕ, 07.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) рӯйхати ниҳоии иштирокчиёни Бозиҳои олимпиро нашр намуд. Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 129 давлати 5 қитъа 391 варзишгар (199 мард, 192 зан) иштирок мекунанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5 нафар зиёд мебошад. Дар асоси низомнома, ки соли 2018 нашр шуд, ба Бозиҳои олимпӣ дар мусобиқаи ҷудо бояд 386 нафар (193 мард, 193 зан) интихоб мегардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино ба иттилоъи манбаъ, миёни 391 нафар иштирокчиён 4 варзишгари тоҷик низ ҳастанд, ки Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов тавассути радабандии олимпии ҷаҳонӣ ва як нафар — Акмал Муродов тариқи радабандии олимпии қоравӣ имкони ширкат дар 32-юм Бозиҳои олимпиро пайдо намуданд.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро соли 2016 ду ҷудочии тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ширкат намуданд.

Қуръакашии мусобиқаи олимпии ҷудо 23 июл – дар рӯзи кушодашавии Бозиҳои олимпӣ сурат мегирад. Мусобиқа аз 24 то 31 июл доир мегардад. Ҳар рӯз варзишгарон дар як вазн миёни мардон ва як вазн миёни бонувон гӯштин мегиранд.

Варзишгарони тоҷик аз  26 июл мусобиқаро оғоз мекунанд. Дар ин рӯз Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг рӯи татамӣ мебарояд. Дар ин дараҷаи вазнӣ иштироки 36 нафар (аз ҳама бештар) дар назар аст. 27 июл Акмал Муродов дар вазни -81кг ҳамроҳи 33 нафари дигар барои медал талош хоҳад кард. Сипас, 28 июл мо шоҳиди ҳунари Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг мегардем. Дар ин вазн 33 нафар ширкат мекунанд. Темур Раҳимов дар вазни +100кг рӯзи 30 июл, ҳамроҳи 21 нафари дигар қувваозмоӣ хоҳад кард.
31 июл рақобатҳои даставии омехта дар назар аст, ки миёни 11 тим сурат мегирад. Ҳар тим аз шаш нафар иборат аст: 3 мард (-73кг, -90кг, +90кг), 3 зан (-57кг, -70кг, +70кг).

Ёдрас мешавем, ки Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 доир мегардад, ки дар ҳайати олимпии Тоҷикистон ба 11 нафар расид: Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳар се бокс), Гулсумбӣ Шарифова, Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ва Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишанов (шиноварӣ). Соли гузашта ин Олимпиада ба далели пандемияи коронавирус доир нашуд.

АКС аз бойгонӣ

Июль 7, 2021 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд