Илҳомҷон Оймуҳаммадзода: «Ҳадафи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология истифодаю ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ ва мониторинги обҳои зеризаминист»
ДУШАНБЕ, 14.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои ҷустуҷӯ, иктишоф ва барои истифодаи саноатӣ омода намудани конҳои металлҳои сиёҳ, асил, ранга ва нодир, ашёи агросаноатӣ, маводи сохтмонӣ, обҳои зеризаминии минералӣ, термалӣ ва нӯшокӣ, инчунин пешбурди корҳои геологияи муҳандисӣ ва геоэкологӣ дар мадди аввали Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030, ки чанде пеш аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ қабул гардид, гузошта шудааст. Ин матлабро имрӯз, 14 июл зимни нишасти матбуотӣ Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар ҷамъи хабарнигорон иброз намуд.
Бино ба зикри Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муайян намудани самтҳои асосии омӯзиши геологӣ, азнавбарқароркунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, назорати равандҳои хатарноки геологӣ, омӯзиш ва мониторинги обҳои зеризаминӣ аз вазифа ва ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур мебошад.
Ба андешаи мавсуф, қабул гардидани барномаи нав маънии онро дорад, ки барои пешравии кор ва баланд бардоштани масъулият пеши ҳар корманд вазифаҳои нав гузошта шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар Барнома иҷрои корҳо бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология, геофизикӣ, мавзӯӣ ва нигоҳдорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои расидан ба ҳадаф иҷрои вазифаҳои зерин, аз қабили таъмини афзоиши захираҳои канданиҳои фоиданок, қонеъ намудани эҳтиёҷоти иқтисодиёти давлат бо захираҳои ашёи минералӣ бо дарназардошти таъмини мувозинати сатҳи омӯзиши геологии тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, варақа ба варақа гузаронидани омӯзиши геологии минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ, арзёбии маҷмӯӣ ва дурнамои ҳолати муҳандисӣ-геологӣ, гидрогеологӣ ва истифодаи захираҳои табиӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ахбори зарурӣ таъмин намудани мақомоти давлатӣ, ташкилот ва аҳолӣ, таъмин ва ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисони соҳа, пешбурди низоми ягонаи фонди иттилооти геологӣ, бо маводи моддию техникӣ таъмин намудани корҳои омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисобот ва ҳисоби захираҳо бо истифода аз барномаҳои муосири компютерии кӯҳӣ-геологӣ нишон дода шудааст.
Бино ба маълумоти роҳбарияти Саридора, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026» тасдиқ шуданд. Ҳамзамон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ», дастурамалҳои соҳавӣ ва якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба рушди соҳаҳои геология ва кӯҳкорӣ ҷиҳати пешрафт ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ шароит фароҳам овард.
Дар ин давра мутахассисони соҳа фаъолона дар иҷрои лоиҳаҳои давлатӣ, ба монанди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Бойғозӣ», сохтмони роҳҳои оҳани «Бохтар- Қӯрғонтеппа-Кӯлоб» ва «Ёвон-Ваҳдат», нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», роҳҳои мошингарди «Душанбе- Кӯлоб-Кулма-Қарақорум», «Душанбе- Рашт-Саритош», «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», пулҳои Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок намуда, онҳоро бо сифати баланди натиҷаҳои тадқиқоти муҳандисию геологӣ таъмин намуданд.
Дар нишаст намояндагони ВАО-и мамлакат доир ба паҳлуҳои мухталифи фаъолияти мақомоти геология савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид






