Имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 9 корхонаи саноатӣ бо таъсиси 120 ҷойи кор фаъол гардиданд

Июль 15, 2021 13:54

ХУҶАНД, 15.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2021 беш аз сад корхонаи саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 13,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 4  млн.сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 139,2 фоизро ташкил дод. Инчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ин давра дар ҳаҷми 540,6 млн сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид.

Дар ин бора ва паҳлуҳои дигари нишондиҳандаҳои соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  Зафарбек Давлатзода  14 июл зимни нишасти матбуотӣ  маълумот дод.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Шарифзода, зимни нишаст гуфта шуд, ки имсол дар ноҳия бунёди 12 коргоҳи нави истеҳсолӣ дар назар гирифта шуда, давоми нимсолаи аввал аз ин теъдод 9 корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷа 120 нафар сокинон бо ҷои нави корӣ таъмин шуданд.

Дар ин замина, қисми даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи якум 102,9 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 104,9 фоиз иҷро гардидааст.

Ҳамзамон раиси ноҳия вобаста ба омодагиҳо ба таҷлили 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ баён дошт, ки то имрӯз дар ноҳия баҳри сазовор таҷлил гирифтани ин санаи хотирмон аз 1437 банди пешбининамудаи нақшаи чорабиниҳо 1376 банди он иҷро гардидаааст, ки ба 95% баробар аст.

Июль 15, 2021 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд