Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: Дар ҷойҳои мамнӯъшуда оббозӣ накунед!

Июль 6, 2021 14:54

ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ) назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабонарӯзи охир ҷасади панҷ нафарро аз дарёҳо ва махзанҳои обии  мамлакат  берун оварданд.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дар дарёи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав сокини 11-солаи ҳамин ноҳия ғарқ гардид. Ҷасади ӯ ёфт ва ба оилааш супурда шуд.

Ҳамчунин дар канали Заркамари шаҳри Турсунзода духтари 7-сола ғарқ шуд. Дар кори ҷустуҷӯи ӯ наҷотбахшон ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд. Ҷасади ӯ 2,5 километр поинтар аз маҳали вуқӯи ҳодиса пайдо карда шуд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ духтари 9-сола дар канали Кӯктош ғарқ шуд, ҷасади ӯ низ ёфт ва ба хешовандонаш супурда шуд.

Инчунин тибқи хабари расида, дар обанбори Неругоҳи барқи обии “Варзоб” ҷасади духтари 18-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ёфт шудааст. Сабабҳои марги духтар муайян карда мешаванд.

Дар дарёи Кофарниҳон сокини 17-солаи пойтахт ғарқ шудааст. Ҷасади ӯ 500 метр поинтар аз ҷои  ҳодиса ёфт ва аз дарё бароварда шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо исрор аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро дар назди махзанҳои об риоя кунанд ва дар ҷойҳои мамнӯъшуда оббозӣ накунанд.

Июль 6, 2021 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад