Маҳмадсаид Зувайдзода: Биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон то аввали соли 2023 ба истифода дода мешаванд

Июль 16, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Биноҳои нави Парлумони  Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алҳол сохтмонашон бомаром дар маркази шаҳри Душанбе идома дорад,  охири соли 2022 ва аввали соли 2023 ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус 16 июл Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода дар нишасти матбуотӣ ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

Маҳмадсаид Зувайдзода афзуд, ки раванди корҳои сохтмонӣ дар бинои Парлумон дар сатҳи ошёнаи дуюм  ва дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо дар сатҳи ошёнаи якум ҷараён доранд. Гуфта шуд, ки биноҳои  нави Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон  аз ҷониби ду ширкатӣ чинӣ, ки дар тендер ғолиб омадаанд, сохта мешаванд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи октябри соли 2018 шурӯъ гардида, санги асоси онро  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян гузошта буданд. Сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Чин, дар асоси дастгирии беғаразонаи молиявии ин кишвари дӯсту ҳамсоя бо маблағи 1,5 миллиард юани чинӣ амалӣ карда мешавад.

Бинои нави Парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, дар қисми пеши он гулгашт бо фаввораҳо, роҳу пайроҳаҳо ба нақша гирифта шудааст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз — 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя барои 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ- ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудаанд.

Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми марказии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешавад. Масоҳати қитъаи замини маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15-ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13-ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат, гулгашт бо роҳу пайроҳаҳо бунёд мегарданд.

Дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намои онҳо бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия шуда, бо услуби хос ва нақшу нигори мувофиқ сохта мешаванд.

 

Июль 16, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои рушди соҳаи занбуриасалпарварӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд
Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд