Мақолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ» дар Эрон бознашр гардид
ДУШАНБЕ, 06.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар соли 2021 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», ки 15 июн ба муносибати 20-солагии СҲШ дар АМИТ «Ховар» интишор ёфта ва дар он таърихи ташаккули Созмон, ҷойгоҳи он дар таҳаввулоти геополитикии ҷаҳони имрӯз ва авлавиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он мавриди арзёбии таҳлилӣ қарор гирифтааст, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба забонҳои форсӣ ва англисӣ бознашр шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, аз ҷумла, 4 июл рӯзномаи англисизабони «Iran news» (Vol.XXVII, № 7262) мақолаи мазкурро ба забони англисӣ ва 5 июл рӯзномаи «Осиё» (Соли бистум, шумораи 5213) онро ба забони форсӣ барои хонандагони худ пешкаш намуданд.
Пайванди электронии мақола ба забонҳои англисӣ ва форсӣ:
https://irannewsdaily.com/newspaper/sunday-4-july-2021/
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон






