Муҳаммадюсуф Имомзода: Муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат дар соли таҳсили нав ба 2166 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доранд

Июль 16, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар менамояд. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 барои 2166 нафар пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 828 нафар кам мебошад.

Ин матлабро имрӯз Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Ба гуфти Вазири маориф ва илм, таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон алоқамандии ногусастанӣ дорад. Имсол эҳтиёҷот бештар ба фанҳои забони анлисӣ, таърих ва ҳуқуқ,  математика ва геометрия, химия, технологияи инфарматсионӣ ва забони русӣ мебошад.

Тавре зикр гардид, вобаста ба паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавируси Ковид-19, ки ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, тамоми сохторҳои дахлдор тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ  намуда истодаанд. Дар ин робита масъулини Вазорати маориф ва илм ба хотири ҳолатҳои эҳтимолӣ дарсҳоро  сабт карда истодаанд, ки  шумораи онҳо аллакай аз ҳазор дарс гузаштааст. Ин дарсҳо дар сурати зарурат тавассути телевизион ва сиди-дискҳо ба хонандагон пешкаш карда мешаванд.

Ба гуфти масъулини соҳаи маориф, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 681 муассисаи томактабӣ бо фарогирии қариб 98 ҳазор кӯдак, 3911 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ бо фарогирии беш аз 2 миллиону 108 ҳазор хонанда ва беш аз 130 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд.  Ҳамзамон дар ҷумҳурӣ 41 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 244 ҳазор донишҷӯ амал мекунад.

Ба иттилои масъулини соҳаи маориф, дар соли сипаришуда 150 ҳазору 609 донишҷӯ ҳамаи имтиҳонҳоро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3911 адад, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ 312, муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ 430 ва муассисаи миёнаи умумӣ 3169 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ зиёд аст. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаҳои типи нав 150 адад буда, 75 гимназия ва 75 литсей ба қайд гирифта шудаанд.

Айни замон шумораи умумии олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ 24 ададро ташкил менамояд. Инчунин бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» айни замон дар ҷумҳурӣ 10 намуди олимпиада аз фанҳои табиӣ-риёзӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дар робита ба ҳавасмандии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона намудаанд, Вазири маориф иброз намуд, ки хонандагони синфҳои 11, ки дар даври чоруми олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб омадаанд, вобаста ба ҷойҳои ишғолкарда ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ соҳиби имтиёз, яъне, ҷойи якум 100 хол, ҷойи дуюм 75 хол ва ҷойи сеюм 50 хол гардиданд.

Июль 16, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад