Ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ оид ба тенниси рӯйи миз ва шоҳмоту шашка муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе миёни кормандони вазорату идораҳо мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди тенниси рӯйи миз ва шоҳмоту шашка доир гардиданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи тенниси рӯи миз аз рӯи барномаи гурӯҳӣ байни мардон дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якумро соҳиб гардид. Инчунин дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва дастаи БДАҶТ “Амонатбонк” мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, байни бонувон ҷойи якум насиби дастаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш шуда, ҷойи дуюмро дастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷойи сеюмро дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.
Аз рӯи намуди шоҳмот ва шашка 11 даста бо иштироки 50 нафар сабқат намуданд.
Зимни натиҷагирӣ дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум, дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди шашка дастаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи якум, дастаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро касб намуданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода диплом, медал ва ҷом супорида шуданд.
Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он роҳандозӣ карда шуд.
Дар мусобиқаи варзишӣ оид ба тенниси рӯйи миз 13 даста бо фарогирии 104 нафар ширкат варзиданд. Мусобиқа аз рӯи барномаҳои даставӣ, инфиродӣ, ҷуфтӣ ва омехта байни мардон ва бонувон сурат гирифт.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






