Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуданд

Июль 29, 2021 07:00

ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Шаҳристон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва омӯзгорони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кулли сокинони ноҳияи Шаҳристонро ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ — ҷашни бузурги мардуми Тоҷикистон ва ифтитоҳи мактаби навбунёди замонавӣ самимона табрик гуфтанд.

Дар робита ба омодагии ноҳия ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ- 30 — солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид гардид, ки дар ҳудуди ноҳия то имрӯз дар 104 иншооти ба нақша гирифташуда корҳои ободониву бунёдкорӣ ба анҷом расонида шудаанд.

Мактаби навбунёди рақами 19, ки имрӯз дар деҳаи Ободӣ барои 1240 нафар хонанда ифтитоҳ гардид, намунаи заҳмати созандаи сокинони ноҳияи Шаҳристон арзёбӣ карда шуд.

Бояд гуфт, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия дар доираи сафари кории Президенти мамлакат лоиҳаи бисёр муҳим — хатти оби нӯшокӣ барои бо оби босифат таъмин намудани 10 ҳазор нафар ба истифода супорида шуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушду тараққиёти ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, дар ин давра дар ноҳия 9 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои боз 7 лоиҳаи инфрасохторӣ идома дорад.

Соли 2012 нақби “Шаҳристон”  ба истифода дода шуд, ки тавассути он сокинони ноҳияи Шаҳристон ба пойтахти мамлакат рафтуомади озод доранд. Ғайр аз ин, 45 километр шоҳроҳи байналмилалии “Душанбе — Чаноқ” аз ҳудуди ноҳия гузашта, робитаи аҳолии ноҳияи Шаҳристонро бо тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар чор фасли сол таъмин менамояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолиро яке аз роҳҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Шаҳристон маънидод карданд.

Дар ноҳияи Шаҳристон то ба имрӯз 11 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, дар панҷ моҳи соли 2021 дар онҳо ҳамагӣ дар ҳаҷми 15 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба 25 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 фоиз зиёд мебошад.

Ноҳияи Шаҳристон барои рушди картошкапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ имконияти зиёд дорад ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки ба масъалаи пешрафти ин соҳаҳо, зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал, ташкили нуқтаҳои муосири фурӯши асал, ташкили коргоҳҳои бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиши содироти он эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва сарчашмаи даромади иловагии аҳолии ноҳия мебошад ва дар ноҳияи Шаҳристон барои ин ҳадаф имконият фаровон аст.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинон минбаъд низ бо фаъолияти созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбуб, таҳкими дастовардҳои истиқлол, ҳифзи сулҳу суботи кишварамон ва таҳкими ваҳдати миллӣ саъю талоши бештар мекунанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, Пешвои миллатро ба ноҳияи Шаҳристон хайрамақдам гуфтанд.

Баромадкунандагон бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду пешрафти кишвар ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста ва фароҳам овардани шароити муосири илмомӯзӣ изҳори сипоси фаровон намуданд.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Айнӣ 28.07.2021

Июль 29, 2021 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Мастчоҳ кӯдакистон сохта мешавад
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
Маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Ба зарардидагони заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод кумакҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бартарафсозии оқибатҳои заминҷунбӣ дар водии Рашт супориш доданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳои саноатӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идорӣ оид ба фаъолияти амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ Анна Бйерде ва Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ Антонелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум иштирок намуданд