Шурӯъ аз 9 июл басти дуюми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардид

Июль 10, 2021 10:47

ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 9 июл дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчуруд»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  басти дуюми  истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  оғоз гардид, ки то 20 июли соли 2021 идома меёбад.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар  басти дуюм  дар  истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии  «Орзу», «Шарора», «Гулхан» ва  «Зимчуруд»  948 нафар, аз ҷумла 750 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар ҳайати омӯзгорию кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар 36 майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт  бо фарогирии 1600 нафар хонандагон басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 24 майи соли 2021 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони пойтахт тасдиқ гардид.

Тибқи қарори мазкур Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе вазифадор гардида буд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳрро бо кадрҳои роҳбарикунанда, мураббия, омӯзгор ва роҳбарони бадеию варзишӣ таъмин намуда, доир ба баргузории чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки дар баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кӯдакону наврасон мусоидат менамоянд, тадбирҳои самаранок андешад.

Сарраёсати мазкур  ҳамчунин барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.

Инчунин бо ин қарор Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намоянд.

Ҳамзамон тозагӣ ва ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ будани ошхона, ҷойи хоб ва дигар иншооти зурурии истироҳатгоҳҳоро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Аксҳо аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 10, 2021 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба сокинони шаҳри Ҳисор беш аз 450 ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид
Дар Душанбе доир ба беҳтар гардонидани сифати ғизо ҳамоиш доир шуд
Дар Хатлон таҳти унвони «Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон» силсилаҳамоишҳо доир мегарданд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Рашт бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои заминларза шинос шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барномаи фарҳангӣ-сиёсии аъзои ҳизб доир гардид
«ЗАМИН — ГАНҶИНАИ ХАЙРУ САХОВАТ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин ва Соли ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Душанбе-сарзамини тахти воло» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
«МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ». Дар Хатлон амалиёти пешгирии фурӯши ғайрисанитарии маҳсулоти хӯрокворӣ оғоз гардид
Сокинони вилояти Суғд ба мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод кумак расониданд
Мардуми саховатпешаю савобҷӯ даъват шуданд, ки маблағҳои сафари ҳаҷро ба зарардидагони заминларзаи Рашту Тоҷикобод низ равона созанд
«ОИЛАИ БЕҲТАРИН». Бо мақсади гиромидошти арзишҳои оиладорӣ озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад