Сокинони деҳаи Кӯҳдомани ноҳияи Ҷайҳун бо оби босифати ошомиданӣ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини 300 хоҷагии деҳаи Кӯҳдомани ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун бо оби босифати ошомиданӣ ба масофаи 2-километр қубурҳои пластикӣ гузаронида шуда истодааст. Сокинони деҳа зиёда аз 20 сол мешавад, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом дар доираи амалӣ намудани аксияи тарғиботӣ –ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва «Якҷоя месозем!» дар самти обёрикунонии маҳаллаву деҳот роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин амали нек, ки бо тариқи ҳашар сурат мегирад, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Муҳамадҷон Зайдуллоев, Асалмамад Бекмамадов, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Куҳдоман” Батуралӣ Қурбонов, аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ ва сокинони деҳа саҳми намоён мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем» дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд.
Чанде пеш дар доираи аксияи мазкур бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони саховатпеша ва сокинон беш аз 4 километр роҳи мошингарди байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Яккадини ноҳияи Ҷайҳун мумфарш карда шуд .
Сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҳамарӯза тариқи ҳашар ба роҳсозон кумак мерасонанд, то баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани ҷашни миллӣ саҳмгузор бошанд.










«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






